ФАРОНСА БА ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАВАҶҶӮҲ ДОРАД
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Ҳамкориҳои самарабахши парлумонии Тоҷикистону Фаронса ва роҳҳои тақвияти он дар мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анри Зиппер де Фабианӣ, сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 апрел дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Назар ба итттилои котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат Муҳаммадато Султонов, ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи равобити судманди Тоҷикистону Фаронсаро дар бахшҳои гуногун баррасӣ намуда, пешниҳодҳои ҷолиб баён доштанд. Зикр шуд, ки дар ҳар ду давлат шароити мусоид ва фазои муносиб ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои самарабахш вуҷуд доранд. Шукурҷон Зуҳуров сатҳи равобити Тоҷикистону Фаронсаро қаноатбахш арзёбӣ кард. Зимни мулоқот мусоҳибон ҳамзамон, масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои ду кишварро дар заминаҳои ҷалби сармояи Фаронса ба соҳаҳои гидроэнергетика, атриёт, электротехникӣ, кишоварзӣ, туризм, коркарди захираҳои маъдан ва робитаҳои ду кишварро дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баррасӣ карданд.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






