ГУСЕЛИ ГУРӮҲИ АВВАЛИНИ НАВАСКАРОН

Апрель 6, 2011 14:46

Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 5 апрел дар комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд гурӯҳи аввалини 25-нафараи ҷавононро, ки ихтиёран ба хизмати аскарӣ номнавис шудаанд, ба таври мутантан ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карданд. Дар ҷамъомад, ки бо иштироки наваскарон, волидайни онҳо, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳайати шахсии комиссариати ҳарбии шаҳр, ҳамчунин, хонандагони синфи 11-уми макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳимҷон Иброҳимов таъкид кард, ки дар қиёси солҳои аввали Истиқлолияти ҷумҳурӣ, ки саросари мамлакатро нобасомониҳо фаро гирифтаву ҷангҳои дохилӣ ба дилу вуҷуди ҳар сокини кишвар асар мекард ва хавфи зиёди халалдории марзу буми кишвари мо ва парокандагии халқу миллати куҳанбунёд ба вуҷуд омада буд, хизмати ҳарбӣ барои ҳар ҷавони либоси аскарӣ ба бар карда ҷонкоҳона буд ва на ҳар кас аскар шуданро ҳавас мекард,  имрӯз хизмати аскарӣ асолати худро ҳамчун адои қарзи фарзандӣ дар назди Ватан боз соҳиб шуд. Мо ба сулҳи комил расидем. Сиёсати пешгирифтаи сарвари оқилу хирадмандамон  Эмомалӣ Раҳмон, қаҳрамониҳои фарзандони бовафои Ватан ва тамкину заковати  халқу миллати тоҷик буд, ки  пояҳои қасри мӯҳташами Истиқлол устувор гардиданд. Акнун ягон қуввае нест, ки моро аз роҳи интихобкардаи худ – эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ ва ягона берун кунад. Аз маркази матбуоти маъмурияти Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тибқи нақшаи пешбинишуда дар даъвати баҳории имсола 155 нафар ҷавонони хуҷандӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар мешаванд.

Апрель 6, 2011 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад