ХОНАИ СЕҲУҶРАДОР БА МАКТАБИ СОЛ
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — 16 апрел дар Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе як қатор озмунҳои шаҳрӣ, аз қабили мактаби сол, директори сол, муаллими сол, кӯдакистони сол, мудири кӯдакистони сол, мураббии сол, синфи беҳтарини сол, маҳалла ва соҳибкори беҳтарини сол ҷамъбаст гардида, ба ғолибон тӯҳфаҳои таъсиснамудаи шаҳрдорӣ дар маросими ботантана тақдим мешаванд. Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, Рӯзи пойтахт бо ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи ноябри соли 2004 дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 80-солагии пойтахт, ки дар «Кохи Борбад»-и Душанбе таҷлил гардида буд, эълон гардид. Дар робита ба ин ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахт ҷашн гирифта мешавад, ки он ба иди ҳақиқии дӯстиву рафоқат ва бунёдкорию созандагӣ табдил гардидааст. Интизор меравад, ки дар ин рӯз дар пойтахт як қатор иншооти муҳими ҷашнии дорои таъиноти гуногун ба истифода дода мешаванд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






