ИФТИТОҲИ БОНКИ ЛАТВИЯ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).-16 апрели соли 2011 намояндагии АВ. LV (Латвия) дар шаҳри Душанбе бонки нав кушод. Дар маросими расмии кушодашавии бонки нав аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози Ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон бо роҳбарии Некрӯй Забиров иштирок намуданд. Ифтитоҳи бонк натиҷаи созишнома дар бораи системаи бонкӣ мебошад, ки зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Латвия дар соли 2010 ба имзо расида буд. «Ифтитоҳи бонки нав-ин боз як саҳифаи наву тоза дар таърихи рушди иқтисодиёти кишвари мо ва далели мустаҳкамгардонии муносибатҳои ду кишвар мебошад. Мо боварӣ дорем, ки ин бонк миёни ҷумҳуриҳо ва ташкилотҳои тиҷоратӣ чун гарави ҳамкориҳои самимӣ ва тӯлонӣ мегардад»,- иброз намуд директори генералии маркази ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии соҳибкорони ҶТ «Идеал» Ёқуб Додоҷонов.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






