ЛОИҲАҲОИ КИШОВАРЗӢ АМАЛӢ МЕГАРДАНД
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ«Ховар», Сангзода Муслиҳиддин).- Имрӯз дар Вазорати кишоварзии ҶТ нишасти матбуотӣ бо иштироки муовинон ва аъзои раёсат баргузор гардид. Зимни суханронӣ муовини аввали вазири кишоварзӣ Сиҷоудддин Исроилов зикр намуд, ки баҳри афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҷиҳати таъмини мардум бо маҳсулоти озуқаворӣ ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мо тамоми тадбирҳоро меандешем. Сиҷоудддин Исроилов афзуд, ки солҳои охир ҳаҷми истеҳсоли тухмии маҳаллӣ зиёд шудаву мо метавонем тухмии маҳаллии худро ба хориҷи кишвар содир намоем, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Исломии Эрон. Айни замон дар соҳаи кишоварзӣ 7 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи 450 млн. сомонӣ дар 5 маркази идоракунии лоиҳаҳо амалӣ шуда истодааст, ки ин барои рушди кишоварзӣ судманд мебошад, зикр намуд С. Исроилов. Дар нишаст масъулини Вазорати кишоварзӣ зикр карданд, ки имсол дар ҷумҳурӣ кишти пахта дар 210 ҳазор гектар гузаронида шуда, аз ин миқдор 10 ҳазор гектарашро пахтаи навъи маҳиннах ташкил хоҳад дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






