МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РОБЕРТ БЛЕЙК

Апрель 12, 2011 17:02

 Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейкро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд. «Тоҷикистон ба густариши робитаҳои дарозмуддати босуботи дўстӣ ва ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико манфиатдор  буда, ба таҳкими муносибот бо ин кишвар таваҷҷўҳи пайваста зоҳир менамояд», — изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Роберт Блейк аз номи роҳбарияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба нақши созанда ва суботбахши Тоҷикистон дар минтақа, хусусан дар самти барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва эҳёи иқтисоди ин кишвар баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти кишвар арзи сипос намуд. Доир ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ, кўмаки умумӣ, мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои асри муосир, пеш аз ҳама терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуманитарӣ гуфтугўи судманд сурат гирифт. Аз самараи ҳамкорӣ миёни сохторҳои сиёсӣ, низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии техникии мақомоти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамзамон густариши бештари ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои обу энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва иштироки Амрико дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ матлуб дониста шуд. Ҳамчунин доир ба дурнамои вазъи Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа, ҷустуҷўи роҳҳои иқтисодию иҷтимоии таъмини субот дар ин кишвар ва густариши ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табодули назар карда шуд.

Апрель 12, 2011 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид