НАВРӮЗ ДАР АСТРАХАН

Апрель 19, 2011 17:22

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Гулрӯ Ниёзова).- Дирӯз дар боғи марказии маданӣ-фароғатии Аркадийи шаҳри Астрахани Русия бо ташаббуси Ҳукумати вилояти Астрахан ва шаҳрдории он иди  арӯси сол "Наврӯзи хуҷастапай " ҷашн гирифта шуд. Миёни намояндагони  ҷамъиятҳои гуногунмиллати Астрахан  дар ин ҷашн ҳамдиёрони мо низ иштирок доштанд. Аз тарафи ҷамъияти тоҷикони Астрахан раиси ҷамъияти тоҷикони ин вилоят Раҳматуллои Лоиқ ва сарвари ҷамъияти занони вилоят Ҷамила Қаландарова сухан гуфтанд. Ҳамзамон дар саҳни майдончаи боғи Аркадий хаймаи тоҷикӣ қомат афрохта буд, ки парчами Тоҷикистон дар боми он ҷилвагар буд. Дар наврӯзгоҳ тамоми нозу неъматҳои ҳунари миллии иштирокдорон муҳайё буда, зери суруду мусиқии тоҷикӣ гулдухтарони тоҷик бо либосҳои миллии баҳорӣ ба маҳфил ҳусни дигар зам намуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» хабарнигор Мирзо Асозода аз шаҳри Астрахани Русия хабар дод.

Апрель 19, 2011 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд