НОБОЛИҒОН ҚАФАСИ СИНА БУРИДАНД
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аризаи шаҳрванд Муродов Фурқат Нурович, соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Проектная, х.23, бекор, ворид гардид, ки соати 21.30 дақиқаи 17 апрел шахсони номаълум дар наздикии бинои 96-и хиёбони Рӯдакӣ писари ноболиғи ӯ Муродов Фирўз Фурқатович, соли таваллудаш 1994, хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи №9-ро бо корд захмӣ намудаанд, ки дар натиҷаи гирифтани ҷароҳати халидаю буридаи қафаси сина ва шикам зарардида ба беморхона интиқол дода шуд. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғон Абдуллоев Хуршед Абдузамонович, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи кӯчаи Заҳматобод, х.566, хонандаи синфи 11-уми Гимназияи 53, Урунов Ғафур Ҳафизович, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи кӯчаи Турсунзода, х.149, хонандаи синфи 11-уми Гимназияи 53, Машрабов Рустам Хайруллоевич, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи кӯчаи Саҳбо, х.612, хонандаи синфи 11-уми Гимназияи 53 дастгир шуданд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорони дигар тафтиш идома дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД Ҷ Т хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






