РОҲҲОИ ТАШАККУЛИ СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Мувофиқи сиёсати гендерии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Cтратегияи миллии фаъолгардонии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2020 Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии машваратиро таҳти унвони «Сиёсати гендерии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои ташаккули он» доир намуд. Ҳадафи баргузории ин вохӯриҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву худшиносии ҷавонон мебошад. Тавре масъулин таъкид намуданд, фаъолияти густурдаи ҷавонон дар тамоми соҳаҳои ҷомеа назаррас аст. Аз ин лиҳоз, мақоми ҷавонон дар рушду нумӯи миллат ва тараққиёту пешрафти давлат хеле бузург аст. Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост ва аҳли ҷомеа барои сазовор ҷашн гирифтани дастоварди бузурги давлатӣ- 20-умин солгарди Истиқлолияти ҶТ тамоми фаъолияти худро равона намудаанд. Ҳамзамон, дар муддати 20- сол Тоҷикистон мавқеи хешро дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеи ҷаҳонӣ этироф гардид. Ҳадафи асосии Тоҷикистони соҳибистиқлол эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, рушди иқтисодӣ ва тамоюли муносибатҳои нав мебошад, ки ҷомеаҳои шаҳрвандӣ пайгирона пеш мебаранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






