ШАБАКАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ РОССИЯ ТОҶИКИСТОНРО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД

Апрель 6, 2011 11:38

Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 март то 2 апрели соли ҷорӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи эҷодии шабакаи телевизионии РТР Планетаро ҷиҳати сабти филмҳо оид ба  Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҷашнгирии Наврӯзи тоҷикон ва захираҳои туристии кишвар даъват ва хизматрасонӣ намуд. Бо мақсади дар сатҳи баланди касбӣ ва ташкилӣ баргузор намудани нахустин барномаи тарғиботии рӯзноманигорон аз Федератсияи Руссия, инчунин, муҳимияти мӯҳтаво ва сифати он дар мустаҳкам кардани нуфузи кишвари мо ҳамчун мамлакати рӯ ба инкишоф ва туристӣ тӯли сафар ҳайати меҳмононро муовини соҳавии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон Лочин Файзуллоев ва сардори Раёсати рушди сайёҳӣ   Давлат Ҳабибов ҳамроҳӣ намуданд. Ҳайати эҷодии шабакаи мазкур иборат аз 3 нафар, таҳти роҳбарии рӯзноманигори шинохтаи ҷаҳонӣ,  ровии барномаи туристии «Моя Планета» Андрей Понкратов санаи 19-уми март   вориди  сарзамини зебоманзари мо гардиданд. Тибқи мувофиқаи пешакӣ меҳмонон давоми 14 рӯз дар чорабиниҳои мухталифи идонаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, ноҳиявӣ ва маҳалли ҷашни Наврӯз иштирок намуда,  аз мавзеъҳои гуногуни кишвар  дидан намуданд. Аз ҷумла, гурӯҳи эҷодӣ дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, гӯштини миллӣ ва аспдавонӣ фаъолона ширкат варзиданд. Инчунин, бо мақсади тарғиби чеҳраҳои ҷавон ва маъруфи риштаи варзишиву фарҳангии  кишвар ба мисли чемпиони чаҳон оид ба гурзпартоӣ — Дилшод Назаров, ҷоизадори Бозиҳои Олимпӣ — Расул Боқиев, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии хонандагони Қуръон  Кароматулло Тайфуров, роҳбари гурӯҳи эстрадии Шамс — Нобовар Чаноров сӯҳбатҳои телевизионӣ ороста шуд. Дар маҷмӯъ, рӯзноманигорон аз фарҳангу таърих, паҳлӯҳои мухталифи тарзи зиндагонӣ, мавзеъҳои нотакрор ва табиати бойи ҳудуди шаҳри Душанбе — осорхонаи бостоншиносӣ, мақбараи Сомонӣ, боғҳои устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, боғи Ботаникӣ ва Ғалаба, чойхонаи Роҳат, бозори Шоҳмансур, хиёбонҳои Рӯдакӣ, Сино, Фирдавсии  пойтахт,   мавзеъҳои тамошобоби ҷамоати деҳоти Варзоб ва осоишгоҳи табобатии Сароб, шаҳри Норак-Нерӯгоҳи барқи обии Норак, ноҳияи Данғара — Хуррамшаҳр, ноҳияи Восеъ — кони намаки Хоҷа Мӯъмин, мавзеи Ҳулбук ва ноҳияи Рӯдакӣ — мавзеъҳои зебои шаҳраки Сомониён,  3 филми тарғиботиро (ҳар кадоме 30 дақиқа) сабт намуданд. Тибқи нақша, филмҳои омодагашта нимаи аввали моҳи майи соли ҷорӣ дар шабакаҳои телевизионии РТР Планета, Россия 24 ва Россия -2 дар чанд марҳила пахш карда мешаванд ва нусхаи онҳо ба ҷониби мо ирсол мегардад. Мавриди зикр аст, ки  манбаҳои иттилоотии мазкур дар баробари кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар фазои зиёда аз 20 давлати ҷаҳон наздик ба 500 миллион тамошобин дастрас мебошанд.

Апрель 6, 2011 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад