СОЛИ 2012 ҶУМҲУРӢ БО ГӮШТУ ТУХМИ ВАТАНӢ ТАЪМИН МЕШАВА

Апрель 19, 2011 16:39

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Он рӯз дур нест, ки мо дар бобати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти парранда (тухму гӯшт) ба дараҷаи худкофӣ бирасем,- иброз дошт директори генералии «Саноати паррандапарварии Тоҷикистон» Машокир Назаров ба мухбири АМИТ «Ховар».    Дар семоҳаи аввали соли 2011 дар ҳамаи корхонаҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ наздик ба 41 млн. дона тухм истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2010 11,7 млн. дона зиёд аст. Айни замон дар ҳамаи 30 корхонаи паррандапарварии ҷумҳурӣ дар ҳар шабонарӯз беш аз 1 млн. дона тухм истеҳсол мегардад.    Аз рӯи маълумоти оморӣ то 1 –уми январи соли 2011 дар ҷумҳурӣ 194 млн. 500 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст, ки ба ҳар як сари аҳолӣ 25 донагӣ тухми истеҳсоли ватанӣ  рост меояд.  Дар соли 2010 ба ҷумҳурӣ  аз хориҷи кишвар наздик ба 68 ҳазор  тонна гӯшти мурғ ва 13 ҳазору 440 тонна тухм ворид гардида, дар дохили кишвар ҳамагӣ  250 тонна  гӯшти парранда ва 137 млн. дона тухм истеҳсол гардидааст. Бо вуҷуди он директори генералии КВД «Саноати паррандапарварии Тоҷикистон» М. Назаров бар он бовар аст, ки то охири соли 2012 аҳолии ҷумҳурӣ бо гӯшту тухми истеҳсоли ватанӣ таъмин мегарданд.

Апрель 19, 2011 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад