ТАҲДИД БО ТАППОНЧА

Апрель 19, 2011 16:24

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 18 апрели соли ҷорӣ аризаи шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой Тсенг Чин Тиян, соли таваллудаш 1950, муваққатан истиқоматкунандаи кӯчаи Қарабоев, х.89/1, ҳ.41, соҳибкори бозори «Корвон»,  ворид гардид, ки соати 16.00 дақиқаи рӯзи 18- уми апрел 3 нафар  шахсони номаълуми ниқобпӯш ва 1 нафари дар чашмонаш айнаки сиёҳшиша дошта, ки ҳамаашон дар тан либоси варзишӣ доштаанд, вориди хонааш шуда, ӯ ва дигар ҳамроҳонаш:  шаҳрвандони ҶХХ Чанг Шау Хе, соли таваллудаш 1982, Ли Хун Джин, соли таваллудаш  1990, Лин Джау Сунин, соли таваллудаш 1988-ро бо истифодаи таппонча ва корди ошхонагӣ таҳдид намуда, лату кӯб карда аз онҳо 2900 сомонӣ пули нақд, 1 адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг» ва 2 адад телефони мобилии тамғаи «ТК Мобайл»-ро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон тафтиш идома дорад.          Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД  ҶТ хабар доданд.

Апрель 19, 2011 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад