ТАБИБОНИ ТОҶИК ДАР КИШВАРҲОИ ДИГАР НИЗ ФАЪОЛИЯТ ДОРАНД

Апрель 13, 2011 17:44

Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ миёни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расид, хабар доданд масъулини Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ ба хабарнигорон. Зикр гардид, ки барои вусъат додани ҷараёни тайёр намудани мутахассисони тибби оилавӣ дар минтақаҳо ва дар сатҳи ғайри марказ ба роҳ мондани бозомӯзии мутахассисони тибби оилавӣ корҳо ба анҷом расидаанд, аз ҷумла дар марказҳои таълимию клиникии тибби оилавӣ 42 табиб ва 51 ҳамшираи оилавӣ давраҳои бозомӯзии тибби оилавиро хатм намуданд.  Дар соҳаи тандурустии кишвар айни ҳол зиёда аз 20 барномаҳои соҳавӣ ва стратегияҳо амалӣ мегарданд, ки яктои он Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2010-2015 мебошад.  Вазорат дар ошкор кардани доруҳои мӯҳлати истифодаашон гузашта, пастсифат ва ғайриқонунӣ корҳои намоёнро ба анҷом расонид.  Дар ин давра барои беҳ намудани шароити илмомӯзии донишҷӯён ва бо ҷои зист таъмин кардани онҳо корҳои намоён анҷом дода шуд.  Ҳамчунин, зикр гардид, ки имрӯз мутахассисони тоҷик дар соҳаи тибби бисёр кишварҳои ҷаҳон фаъолияти густурда  доранд.

Апрель 13, 2011 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд