ТОҶИКИСТОН МАЙДОНИ ЧЕМПИОНАТИ МИНТАҚАВӢ

Апрель 6, 2011 15:32

Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 27 то 29 майи соли 2011 дар толори варзишии шаҳри Қайроққум якумин чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба  муҳорибаи ҷанги дастӣ ва каратэи анъанавӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Бо қарори махсуси раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҳайати кумитаи тадорукоти чорабинӣ тасдиқ шуд. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар робита бо Федератсияи муҳорибаи ҷанги дастӣ ва каратэи анъанавии вилояти Суғд ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чемпионати мазкур тадбирҳои мушаххас андешида, тартиби баргузории онро тибқи талаботи  муқаррарнамудаи  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Апрель 6, 2011 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад