ЯРМАРКАЕ, КИ 60 ҶОЙИ КОРИ ХОЛӢ ДОШТ

Апрель 12, 2011 18:05

Файзобод,  12 апрел. (АМИТ «Ховар», Зебо  Давлатова). –  Тавре сардори  Агентии  давлатии  ҳифзи  иҷтимоӣ, шуғли  аҳолӣ  ва  муҳоҷирати  ноҳияи  Файзобод  Султон  Маҷидов  ба  хабарнигори АМИТ   «Ховар» иттилоъ  дод,  дар  бинои  Қасри  фарҳанги ноҳия  ярмаркаи  ҷойҳои  кории холӣ  баргузор  гардид.  Дар  ярмарка  120  нафар  корҷӯён  аз  ҳудуди  ноҳия  иштирок  намуданд. Барои  пешниҳод  кардани ҷойҳои  холӣ  15  ташкилоту  идораҳо  дар  ярмарка  ширкат  варзида, ба  корҷӯён  60 ҷойи  кори  холӣ  пешниҳод  намуданд. 10 нафар  корҷӯй  барои   кор роҳхат  гирифтанд.   Аз  ин шумора  6  нафар бо кори доимӣ  таъмин  шуданд. 20  нафар  корҷӯй  ба  касбомӯзӣ  равона шуда,   12 нафар  ба корҳои  ҷамъиятии  музднок  сафарбар  шуданд.  Султон  Маҷидов  афзуд, ки  дар  ярмарка  намояндагони   Маркази  саломатии  ноҳия, хоҷагии  манзилию  коммуналӣ,  ҷамоати  деҳоти  Файзобод ва  ҷамоати  шаҳрак  фаъолона  иштирок намуданд.

Апрель 12, 2011 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд