ҶАВОНОН
«Барои эмин мондан аз таъсири манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ, ки хоҳу нохоҳ фосилаи замону вақт, сарҳадҳои маънавӣ ва асолати фарҳангии давлатдории миллиро тағйир медиҳад, тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф додан, арзишҳои миллии худро аз таҳдидҳои хатарбори тахрибкориву тундравӣ ҳифз кардан, ваҳдати миллиро таҳким бахшидан, амнияту суботи ҷомеаи кишварро мустаҳкам намудан, сатҳи огоҳии мардум, хусусан ҷавононро баланд бардоштан аз ҷумлаи корҳои доимӣ ва заҳматталаби сиёсати давлатдорӣ ва фарҳангии мо мебошад». Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи баррасии масоили гуногуни ҳаёти ҷомеа, нақш ва иштироки ҷавононро дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳанг ниҳоят муҳим арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ҷавонону наврасон бояд симои маънавии миллӣ, бахусус арзишҳои фарҳангиву ахлоқии худро ҳифз карда тавонанд, аз решаҳои тамаддуни қадима, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлатдории халқи худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллии тоҷикон кӯшишу талош намоянд. Дастуру супоришҳои Сарвари давлат тақозо мекунанд, ки ҷавонон бо истифода аз дастовардҳои техникиву технологии замонавӣ ва кашфиёту бозёфтҳои навтарини соҳаҳои гуногуни дониш сатҳи маърифату маънавиёти худро пайваста такмил диҳанд ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чеҳраву симои хоси миллии худ ворид шаванд. Барои амалишавии ин иқдомҳо ҷавононро, қабл аз ҳама зарур аст, ки бештар ба донишандӯзӣ ва китобхонӣ рӯ оваранд. Хушбахтона, имрӯз дар кишвари азизамон ҷиҳати ҷалби ҷомеа ба китобхонӣ ва беҳдошти фаъолияти китобхонаҳои мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Таъсиси мағозаҳои китобфурӯшӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, қабули «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи компютеркунонии китобхонаҳои давлатии оммавии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб ва анҷоми сохтмони бинои нави мӯҳташами нуҳошёнаи Китобхонаи миллӣ аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошанд. Роҷеъ ба ин масъалаҳо сӯҳбате доштем бо директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Шариф Тошев, ки фишурдаи онро манзуратон мегардонем. — Мӯҳтарам Шариф Комилзода вазъи имрӯзаи ҷалби ҷавононро ба Китобхонаи миллӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед? — Беҳтар шудани низоми таълиму тарбия дар макотиби олӣ ва ҳамзамон ба хонишу донишандӯзӣ ҷалб кардани ҷавонон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барои зиёд шудани сафи донишҷӯёни китобхон ва афзоиши теъдоди хонандагони китобхона мусоидат кард. Дар муқоиса ба солҳои пешин имрӯз вазъи ташрифоварии ҷавонон ба Китобхонаи миллӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Масалан, агар теъдоди умумии хонандагон дар Китобхонаи миллӣ соли 2002 – 20100 нафарро ташкил дода бошад, пас 1 январи соли 2011 ин нишондод ба 35100 нафар расидааст. Аз ҳисоби охирон 26063 нафарро (74,2%) донишҷӯёни макотиби олии пойтахт ташкил медиҳанд. Албатта вазъи ташрифоварии донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт ба Китобхонаи миллӣ аз ҳамдигар тафовут доранд. Тибқи маълумоти бахши бақайдгирӣ то 1 январи соли 2011 аз ҳисоби хонандагони умумии Китобхонаи миллӣ 22,5% ё 5862 нафарро донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 16,5% ё 4288 нафарро донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, 14,9% ё 3878 нафарро донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ, 8,6% ё 2262 нафарро донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Агар шумораи ба узвият пазируфта шудани донишҷӯён ба Китобхонаи миллӣ аз ҳисоби теъдоди умумии донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт ба инобат гирифта шавад, пас афзалиятро дар радифи донишгоҳу донишкадаҳои номбаршуда, донишҷӯёни Донишкадаи забонҳо, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиб мешаванд. Илова бар ин, ҷорӣ шудани технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти Китобхона барои пайдоиши гурӯҳҳои нави хонандагон шароит муҳайё сохт. Имрӯз дар радифи хонандагони муқаррарӣ гурӯҳи нави хонандагон (хонандагони ғоибхон — виртуалӣ) номнавис шуданд. — Барои саривақт қонеъ намудани эҳтиёҷоти хонандагон бо китобҳои ниёзи хониш дар Китобхонаи миллӣ чи гуна тадбирҳо андешида мешаванд? Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ барои ба талаботу ниёзҳои ҷомеаи муосир мувофиқ намудани самтҳои афзалиятноки рушди фаъолияти Китобхонаи миллӣ ва ҷорӣ намудани технологияи нави иттилоотӣ мусоидат карданд. Вобаста аз имкониятҳои мавҷуда имрӯз дар Китобхонаи миллӣ барои хонандагон шароитҳои мусоид муҳайё карда шудааст. Чунончӣ, Китобхона дар таҳияи феҳристи электронии саҳм гирифта, беш аз 50 ҳазор номгӯӣ китобҳои тозанашрро ба ин васила дастраси хонандагон гардонидааст. Дар Китобхона аз моҳи апрели соли 2004 толори нави нуқтаи хизматрасонии модулӣ барои донишҷуён созмон дода шудааст, ки дорои беш аз 15 ҳазор китобҳои тозанашри фаннӣ мебошад ва аз ин толор хонандагони сершумор истифода мебаранд. Моҳи сентябри соли 2006 толори нави хониши электронӣ созмон дода шуд, ки дорои беш аз 115 ҳазор нусха нашрияҳои электронӣ мебошад. Ин толор бо технологияи замонавӣ: 25 компютер, 5 сканер, 3 принтер, 3 дастгоҳи нусхабардорӣ таҷҳизонида шуд ва ба шабакаи байналмилалии Интернет пайваст мебошад. Истифодаи Интернет барои ҳамаи хонандагон бо таври ройгон аст. Ғайр аз ин, матни электронии беш аз 1000 китобҳои дарсӣ барои хонандагони китобхона харидорӣ карда шудааст. Матни электронии беш аз 4000 номгӯй китобҳои нодиру камёб, ки бо теъдоди 1 нусха дар китобхона мафҳузанд, тасвирбардорӣ карда шуда, барои истифодаи хонандагон пешниҳод гардид. Аз ҷумла, хонандагон имкон доранд, ки ба матни электронии китобҳои нодир, аз қабили «Тарихи Табарӣ», «Кимёи саодат»-и Муҳаммад Ғаззолӣ, «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик», «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва дигар нашрҳои нодир шинос шаванд ва ё тавассути дархост матни электронии онҳоро харидорӣ намоянд. Илова бар ин, Китобхона сомонаи худро (www.nlrt.tj) созмон додааст, ки тавассути он дар радифи маълумоти мушаххас оид ба таърих, фаъолияти кунунии бахшу шӯъбаҳои Китобхона, суроға ва реҷаи кории он, боз матни электронии нашрияҳои Китобхона, аз қабили «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Адабиёти нав доир фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон», маҷаллаи «Китобдор», китобномаҳои «Рӯдакӣ», «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ)», «Зиндагиномаи Имоми Аъзам», «Танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рӯйхати китобҳои электронии Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ» пешниҳод шудаанд. Инчунин, тавассути сомонаи Китобхона хонандагони ватанӣ ва хориҷӣ метавонанд бе ягон мамоният матни электронии китобҳои ниёзи хониш, аз қабили «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, «Таджики»-и А.Шишов, «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Эмомалӣ Раҳмон бо забонҳои рӯсӣ, англисӣ ва форсӣ мавриди истифода қарор диҳанд. Истифодаи ин манбаъ имкон медиҳад, ки дар радифи хонандагони анъанавӣ, хонандагони виртуалӣ номнавис шаванд ва фонди электронии Китобхонаи миллиро мавриди истифода қарор диҳанд. — Дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бинои нави Китобхонаи миллӣ мавриди истифода қарор мегирад. Мехостем оид ба сабки меъморӣ, ғунҷоиши фонди китобӣ, ширкате, ки биноро месозад ва дигар вижагиҳои Китобхонаи нав маълумот медодед? Воқеан, дар паҳлӯи маҷмааи Исмоили Сомонӣ, дар рӯ ба рӯи ҳайкали асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қомат афрохтани бинои мӯҳташами нуҳошёнаи Китобхонаи миллӣ нодиртарин тӯҳфа ба наслҳои имрӯзаву ояндаи миллати соҳибистиқлоли тоҷик аст. Он далели равшани тамаддунофарӣ ва фарҳангпарварии Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 4 сентябри соли 2007 бо иштироки Президенти мамлакат хишти аввали сохтмони бинои нави Китобхонаи миллӣ гузошта шуд ва ҳамон рӯз ҳамчун санаи муҳим дар ҷумҳурӣ – Рӯзи китоб эълон гардид. Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи тарҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ дар асоси озмуни байналмилалӣ амалӣ шуд. Ғолиби озмун меъмори маъруфи тоҷик, директори ҶСНК «Гипропром» Сироҷиддин Зуҳуритдинов гардид. Барои таҳияи лоиҳа муаллиф сохти китобхонаҳои қадима ва ҳозираи мамолики Шарқу Ғарб ва сарчашмаҳои таърихии ба ин мавзӯъ марбутаро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор додааст. Тибқи лоиҳаи таҳияшуда бинои нави Китобхона барои нигоҳдории 7 миллион ва дар оянда 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шудааст. Ҳангоми тарҳрезии лоиҳаи сохтмон меъёрҳои байналмилалии ҳифзу нигоҳдории фонди китобҳо ба инобат гирифта шудаанд. Бино бо воситаҳои замонавии ҳамлу нақли бор, экскалатор, лифт, таҷҳизоти мушоҳидавию гармидиҳӣ, ҳаворасонию шамолдиҳӣ, хабардиҳию сӯхторхомушкунӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Фармоишгари бинои нави Китобхонаи миллӣ Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мувофиқ ба лоиҳа назорати муаллифии сохтмон ва корҳои конструксионӣ, муҳандисӣ ва геологӣ ба зимаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИиОСП» вогузор карда шудааст. Корҳои муҳандисию технологиро кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии саноати сабуки ҶСК «Синьцзян»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой иҷро менамоянд. Пудратчии асосии сохтмони бино Ширкати сеюми сохтмону васлкунии «СУАР»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад. Бинои нав 167 метр дарозӣ ва 52 метр баландӣ дошта, аз чор қисм иборат аст. Қисми «а» — аз 9 ошёна бо таҳхона, қисми «б» ва «в» аз 6 ошёна бо таҳхона, қисми «г» аз 4 ошёна бо ошхона иборат аст. Масоҳати умумии бинои Китобхона 44 ҳазору 78 метри мураббаъ мебошад. Китобхона дорои толорҳои хониш (умумӣ ва тахассусӣ), маҳфузгоҳҳо барои нигоҳдории китоб ва дигар намудҳои асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, чопхонаву лабораторияҳои тармими китобҳо, бахшу шӯъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хадамотӣ, ки ҷавобгӯи талаботи стандарти ҷаҳонӣ мебошанд. Китобхона чаҳор самти фаъолият: китобнигоҳдорӣ, хониш, хизматрасонӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангиро ба танзим медарорад. Барои кор дар Китобхонаи нав беш аз 700 нафар мутахассисони баландихтисоси соҳаи китобдорӣ ва донандаи технологияи муосири иттилоотӣ ҷалб карда мешаванд. Аз нигоҳи масоҳат, ғунҷоиши фонди китобӣ, фарогирии хадамоти китобдорӣ-иттилоотӣ ва фаъолияти фарҳангӣ бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Бунёди бинои нави Китобхонаи миллӣ ва мавриди истифода қарор додани он барои ба марҳилаи нави рушд ворид шудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Китобхона мусоидат карда, имкон медиҳад, ки дар радифи такмили фонди китобӣ бо адабиёти ниёзи хониш, дар фаъолияти китобхона низоми нисбатан комили автоматикунонии равандҳои китобдорӣ-иттилоотӣ ҷорӣ гардад. Китобхонаи нав ҳамчун маркази бузурги илмиву фарҳангӣ дар ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва тарғибу ташвиқи маҷмӯи асноди дар ҳамаи намудҳои имконпазир интишорёфта: анъанавӣ (нашрияҳои қаламӣ, чопӣ), электронӣ (дар компютер, компакт дискҳо), савтӣ (китобҳои гӯё, овоздор), виртуалӣ (дастёбӣ ба захираҳои Интернет) имконоти бештареро дар ихтиёр дошта, барои баланд бардоштани нақш ва мақоми китобу китобхона дар ҳаёти ҷомеа, рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ, китобхонӣ ва маърифати илмию фарҳангии аҳолӣ шароити мусоид муҳайё месозад. Ба хотири гиромидошти арзишҳои волои миллӣ, бузургдошти мероси пурғановати ниёгон ва зиндасозию абадигардонии хотираи неки таърихӣ дар намои бинои нави Китобхонаи миллӣ нимпайкараи 22 чеҳраҳои намоёни фарҳанги халқи тоҷик, аз қабили Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абубакри Розӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Ибни Муқаффаъ (Рӯзбеҳ), Робияи Балхӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Табарӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода эъмор мешаванд. — Мушаххасан бигӯед, ки дар сохтори Китобхонаи нав кадом бахшу шӯъбаҳои нав ба фаъолият шурӯъ мекунанд? — Дар сохтори Китобхонаи нав созмондиҳии маҳфузгоҳҳо, шӯъбаҳо, бахшҳо, марказҳо ва толорҳои нави хониш ба нақша гирифта шудаанд. Илова ба бахшу шӯъбаҳои амалкунанда, таъсисёбӣ ва ба фаъолият шурӯъ кардани 15 шӯъбаҳои нав, аз қабили «Шӯъбаи технологӣ ва менеҷмент», «Шӯъбаи реклама ва маркетинги китобдорӣ», «Шӯъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ», «Шӯъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ», «Шӯъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо», «Шӯъбаи табъу нашр», «Шӯъбаи диссертатсияҳо», «Шӯъбаи хадамоти маюбон», «Шӯъбаи бақайдгирӣ ва омор», «Шӯъбаи махзани бойгонӣ», «Шӯъбаи умумӣ», «Шӯъбаи хадамоти бино ва иншоот», «Шӯъбаи хадамоти гармидиҳӣ ва техникаи санитарию бехатарӣ», «Шӯъбаи хадамоти таҷҳизоти электротехникӣ ва лифт», «Шӯъбаи моддӣ – техникӣ», «Шӯъбаи таъмиру сохтмон», ва 8 марказҳои соҳавии «Тоҷикшиносӣ», «Конуни забони тоҷикӣ», «Васоити ахбори умум», «Намоиши китобҳои нав ва савдои китоб», «Иттилооти ҳуқуқӣ», «Омӯзиш ва тарғиби афкори китобдорӣ», «Такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо» ва «Омӯзиши забонҳо» имконоти бештареро барои татбиқи вазифаҳои афзалиятноки китобхона дар самтҳои бунёди фондҳои электронӣ, инкишофи низоми электронии пахши иттилоот, созмондиҳӣ ва истифодаи толорҳои хониши виртуалӣ, таҳияи феҳристҳои электронӣ доир ба ҳама намуди маҳсулоти чопӣ ва нусхаҳои хаттӣ фароҳам оварда, дастёбии озодонаи хонандагони муқимӣ ва ғоибхонро ба фондҳои чопӣ ва электронии Китобхона, таъмин менамояд. Барои гурӯҳҳои алоҳидаи хонандагон, аз ҷумла маъюбон, нобиноён ва шахсони имконияти биноияшон маҳдуд Шӯъбаи нави “Хадамоти маъюбон”, толорҳои хониши махсусгардонидашуда ва бунёди фонди китобҳои савтӣ (гӯёӣ) ва китобҳо бо алифбои Брайлер пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, бо дарназардошти вижагиҳои майлу рағбати гурӯҳҳои гуногуни хонандагон толорҳои нави хониши адабиёти ҷомеашиносӣ, адабиёти техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ, адабиёти депозитарӣ, дастхатҳо ва китобҳои нодир, адабиёт доир ба санъат ва толорҳои хониши рисолаҳо ва китобҳои электронӣ ба нақша гирифта шудаанд. Инчунин барои нигоҳ доштани нашрҳои калонҳаҷм (харита, албом, глобус, лавҳа, расм) маҳфузгоҳи алоҳида ҷудо гардидааст. — Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ. Мусоҳиб Дилшодаи Хайруллоҳ