ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ ДАР ВОСЕЪ
Восеъ, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бино ба иттилои мудири шӯъбаи иқтисоди ноҳияи Восеъ Соҳибназар Гулмадов ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия дар чор моҳи соли ҷорӣ ба 19 млн. 952 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 млн. 858 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 147 % -и нақшаро дар бар мегирад. Ба гуфти манбаъ то ин муддат дар ноҳия 950 тонна нахи соф, 859 тонна чигит, 118,5 тонна равған, 147, 4 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 11 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 1 290 тонна орд истеҳсол гардид, ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй мебошанд. Истеҳсоли намаки ошӣ мутаассифона, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазор тонна кам гардидааст. Роҳбарони корхонаҳои саноатӣ тасмим гирифтаанд, ки имсол истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар корхонаҳо бештар намуда, маҳсулотро бо нархи арзон дастраси аҳолӣ гардонанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






