МАСЪУЛИЯТИ ТОЗАГИИ МУҲИТ БАР ДӮШИ КИСТ ?

Июнь 4, 2011 12:49

Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дирӯз бахшида ба  рӯзи касбии кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии коммуналию манзилӣ»  дар корхонаи мазкур бо иштироки  кормандон ва собиқадорони соҳа ҷамъомад доир гардид. Зимни он масъулини корхона  оид ба  дастовардҳои Корхонаи воҳиди давлатии  «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»  дар давоми солҳои истиқлолият ибрози назар карданд. Қайд гардид, ки корхонаи мазкур барои беҳтар намудани вазъи санитарии шаҳру ноҳияҳои мамлакат пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҳамчунин барои таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи мазкур бо  техникаву технологияи муосир таъмин гардидааст. Дар  чорабинӣ  зикр гардид, ки  аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барномаи ислоҳоти хоҷагиҳои коммуналию манзилӣ  қабул гардида буд, ки дар ин доира муассисаҳои зертобеи  Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии коммуналию манзилӣ»  бо шароити хуби корӣ таъмин гардиданд.               Таъкид гардид, ки масъулияти таъмини тозагии муҳит, беҳтар намудани вазъи санитарии шаҳру ноҳияҳо ва ҳамчунин дастраси аҳолӣ намудани оби ошомиданӣ  бар дӯши кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии коммуналию манзилӣ» аст.

Июнь 4, 2011 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад