«Рухом» — муаррифгари Тоҷикистон
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар»). — Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рухом» тайи чанд соли охир дар бисёр намоишгоҳҳои дохиливу хориҷи кишвар бо маҳсулоти аз сангҳои қимматбаҳои Тоҷикистон истеҳсолнамудааш иштирок намуда, бойгарии табиати Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. «Рухом» аз соли 1994 ташкил шуда, дар тӯли фаъорлият ба як қатор комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори генералии ҶДММ «Рухом» Муфараҳ Муҳаббатов оид ба дастовардҳои ин корхонаи истеҳсолӣ, ки натиҷаи самараи Истиқлолият мусоҳибае анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.- Дар баъзе маврид соҳибкорон, мутахассисон аз касби худ то дараҷае розӣ нестанд. Андешаи Шумо дар ин бора чӣ аст?- Агар ба таърих рӯ орем, дар ҳақиқат дар гузаштаи дур ҳодисаҳое буданд ва даҳҳо ривоятҳо вуҷуд доранд, ки ҳунармандони зиёде қурбони ҳунару санъати нотакрори худ шудаанд, ки ин бозгӯ аз ҷаҳолат ва тангназарии шоҳону амирони асрҳои гузаштааст, ки намехостанд он чи ки барои ӯ ва шоҳигарии ӯ эҳё шудааст, дар дигар кишварҳо арзи вуҷуд дошта бошад. Фалсафаи зиндагӣ баъди садсолаҳо тағйир ёфт, соҳибҳунарон дар доираи аҳли дарбор ҷой гирифтанд ва ба рушду такмили санъату ҳунар мусоидат карданд то мӯъҷизаҳо офарида шаванд.Агар Шумо аз фаъолияти соҳибкории мо донистан хоҳед, дар ҳақиқат ҳанӯз дар давраи аспирантура дар Маскав таҳсил карданам ба фаъолияти соҳибкорӣ шурӯъ карда будам. Азбаски ман худ геолог ҳастам ва ватанам Тоҷикистони саросар кӯҳсор асту зери ин кӯҳҳои бузург маъданҳои нодиртарини олам ҷой гирифтаанд, маро андешае водор сохт, ки дер ё зуд бояд дар ин самт ба соҳибкорӣ рӯ биорам. Соли 1994 ҷумҳурӣ дар як шароити носолими сиёсӣ-иҷтимоӣ қарор дошт, бовуҷуди он, мо корхонаи худро дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба қайд гирифта, ба фаъолият шурӯъ кардем. Пеш аз ҳама барои ба фаъолият шурӯъ намудан бояд аз нусхаи оиннома ва низомномае, ки дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ барои соҳибкорӣ нигоҳ дошта мешуд, барои ба соҳибкорӣ мувофиқ кардан бояд аз он истифода мекардем. Ман шакли беҳтари оинномаро, ки дар Маскав дастрас карда будам, ба шароити Тоҷикистон мувофиқ карда, оиннома ва як низомномаи хеле мукаммалро барои ба қайдгирӣ пешниҳод намудам, ки хуб пазируфта шуд.Мақсади мо дар оиннома равшан кардани гузариш ба иқтисоди бозорӣ буд, ки ҳангоми гузаштан аз як сохтор ба сохтори дигар алоқаҳои иқтисодиеро, ки аз як ҷо идора мешуд аз байн хоҳанд рафт. Ҳамчунин дар оиннома нишон додани мустақилияти корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва аз фаъолият боз мондани корхонаҳои калон чун корхонаи «Помиркварссамосвет» дар шакли аввалааш буд. Аз ҳамин нуқтаи назар фаъолиятро дар корхонаи хурди истеҳсолӣ ба роҳ мондем. Дурустии ҳамин оиннома буд, ки дар давоми 17-соли фаъолият ба хатогие роҳ надодем.Вале, аз он ки, баъзеҳо аз шуғли худ норозиянд, ба гумонам ин беҳавсалагӣ, дӯст надоштани касбу ҳунари интихобкарда на аз рӯи хоҳиш, балки аз рӯи тавсия аст.-Ба мақсад наздиктар мехоҳам ҳарф бизанем.-Чӣ мушкилоте ҳаст, ки садди роҳи соҳибкорӣ мегардад?-Дар давоми 17 соли фаъолият мушкилоти зиёд буд, ки паси сар шуд. Муваффақиятҳои имрӯзаи мо натиҷаи мушкилоти пасисаршудааст. Мо роҳҳои бартараф кардани мушкилотро ёфтем. Дар бисёр вохӯриҳо аз нуқтаи назари қонунгузорӣ оид ба соҳибкорӣ садҳо таклифҳо пешниҳод кардем, қонунҳои нав қабул гардид, тағйирот ба қонунҳо ворид шуд, бо вуҷуди он вобаста ба истифода ва коркарди захираҳои табиӣ ҳанӯз номукаммалӣ дар қонунҳо ба чашм мехӯрад, ки садди роҳи соҳибкорӣ мешаванд. Ин масъала бояд таҷдиди назар шавад.Ҳуқуқсозони мо бояд донанд, ки дастгирии ҳуқуқии соҳибкорон асоси пешрафти минбаъдаи фаъолияти истеҳсолӣ, заминаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ғанӣ гардонидани буҷаи давлатӣ, тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва таъмини осудагиву оромии мардуми кишвар аст. Беҳуда нест, ки Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ махсус таъкид кардааст: «Зарур аст, ки дар масъалаи таъмин кардани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоте, ки дар кишвар барои тавлидоти онҳо шароити истеҳсолӣ ва базаи ашёи хом мавҷуд аст, чораҳои қатъӣ андешида шавад». Ин ишора ба қонунсозону ҳокимияти иҷроия ҳам ҳаст. Соле пеш эълон гардидани мораторий ба санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон, рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкориро такони тоза бахшид. Ҷорӣ шудани системаи «Равзанаи ягона» ва эълон гардидани мораторий нисбат ба санҷиши корхонаҳои истеҳсолӣ заминаи боэътимоди соҳа шуда метавонад.Мушкилоти ягона ин санҷишҳои ноҷо ва беасоси идораҳои назоратист. Имрӯз тавассути алоқаи почтаи электронӣ қариб ҳамаи корхонаҳои истеҳсолӣ бо идораҳои назоратӣ пайвастанд ва онҳо ба ҳамаи маводи муҳосибавӣ дастрасӣ доранд. Боварӣ дорам, ки дар бисёр маврид роҳбарони ин идораҳо аз кори зертобеонашон огоҳ нестанд, вагарна зарурати гузаронидани санҷишро дар корхонаҳои истеҳсолӣ аз онҳо мепурсиданд. Дар давлатҳои ҳуқуқбунёд бояд ҳама ба қонун арҷгузорӣ кунад, то он поймол нагардад, санҷишҳои беасос худ қонуншиканӣ аст.Бояд иброз дошт, ки тағииру иловаҳо ба Кодекси андоз, ки моҳи декабри соли 2010 қабул гардид мушкилоти зиёдеро барои соҳибкорон пеш овард. Ҳоло комиссияи нави аз ҳисоби ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ таъсис ёфта оид ба дигаргун кардани ин тағйиру иловаҳо ва садда кардани онҳо фаъолият доранд. Дар мавриди худ, соҳибкорон ҳам бисёр вақт ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд. Масалан аз ҷониби сарвари давлат эълон кардани мораторий нисбати санҷиши корхонаҳо ин маънои онро надорад, ки соҳибкор аз пардохти андозҳо саркашӣ кунад, даромадашро дуруст нишон надиҳад, боҷи гумрукиро насупорад, содироту воридоти молашро аз будаш кам нишон диҳад, андози ҳифзи иҷтимоиро насупорад. Мораторий ин ғуломи қонун будани соҳибкорон, шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқӣ аст, на чизи дигар.Пешрафти соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ — ин воридшавии мунтазами андоз ба буҷет аст. То оне ки монеаҳои сунъии маъмурӣ аз байн бурда намешаванд, рушди соҳибкории хурду миёна дар сатҳи зарурӣ ба гумон аст.Дигар мушкилоти соҳибкорӣ, ки дар доираи истифодаи коркарди сангҳо — захираҳои табиӣ сади роҳи рушди соҳибкорӣ мегардад, гирифтани иҷозатнома (литсензия)-и конҳост. Масалан, дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба соҳибкорон иҷозат дода мешавад, ки дар як минтақа ба коркард ва истеҳсоли маъданҳои он фаъолияти худро ба роҳ монанд ва аз он андоз, бонус, раялт ва ғайра андозҳои муқарраршударо ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид созанд.Вале, мо афсӯс аз он мехӯрем, ки 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро, ки кӯҳҳо ташкил медиҳанду онҳо дорои ҳамаи намуди маъданҳо мебошанд, барои соҳибкорӣ танҳо як қисмати ночизи он дода мешавад.- Шумо дар оинномаи соҳибкорӣ оид ба коркарди сангҳои ороишию қимматбаҳо чӣ таклифу дархостҳо пешниҳод кардед? — Ман ғайр аз оиннома соли 2000-ум баъди он, ки дар коркарди сангҳои ороишӣ таҷрибаи зиёд пайдо кардем, як барномаи мушаххасеро барои пешрафти соҳа оид ба коркарди сангҳои ороишӣ, ранга ва қимматбаҳо пешниҳод намудам. Ҷавоб он буд, ки Тоҷикистон ҳанӯз барои ин тайёр нест. Дигар таклифи пешниҳодшуда, доштани бозори хуби коллексияи маъданҳо ва маводҳои палионтологӣ (ҳайвоноти ба санг мубаддалшуда), ки онҳо таърихи беш аз 300 млн. солро доранд, буд. Аз ҳама намуди паҳншуда дар Тоҷикистон аманитҳо ҳастанд, ки дар натиҷаи гузашти миллион солаҳо онҳо ба санг мубаддал шудаанд. Имрӯз аз онҳо дар тамоми ҷаҳон ҳамчун армуғон истифода мебаранд. Дар мо бошад, бо номукаммалии қонунҳои мавҷуда дар бораи ба даст овардани иҷозатнома даҳҳо монеаҳо пеш оварда мешавад. Дар борои коркарди сангҳои рангаю қимматбаҳо ҳоҷати сухан кардан нест, имкониятҳо хеле маҳдуд аст. Ба гурӯҳи сангҳои қимматбаҳою ороишӣ лаълу ёқут муносиб дониста мешаванд, ки мо ба он дастрасӣ надорем. Мо як корхонаи намунавие сохтем, ки дар базаи он метавонад даҳҳо корхонаҳои дигар фаъолият намоянд ва дар бозори дохилӣ харидори худро пайдо кунанд.Мо дар бозори дохилӣ рақиби худро надорем. Аз ин рӯ наметавонем маҳсулоти худро ба хориҷи кишвар барорем. Айни ҳол барои ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ҷаҳду талош дорем, то дар оянда аз ҳисоби маҳсулоти талаботи ҷаҳонӣ доштаи ин корхонаҳо дар бозори ҷаҳонии сангҳои қимматбаҳо ҷойи худро пайдо кунем.-Шумо, ки иштирокчии чандин намоишгоҳҳои байналмилалӣ будед, чӣ таассуроте аз онҳо бардоштед?-Сангҳо ҳам чун одамон дилкашу хушрӯй мешаванд. Масалан лоҷуварди Афғонистон басо зебост ва лоҷварде, ки дар Бадахшони Тоҷикистон аст ба дараҷаи зебогии лоҷварди Афғонистон намерасад.Мо дар даҳ соли охири фаъолияти худ бо шарофати Ҷаноби Олӣ, Президенти ҷумҳурӣ қариб дар ҳамаи сафарҳое, ки соҳибкоронро бо худ мебаранд, шомил будем ва имкон пайдо кардем, ки дастовардҳои худро бо маҳсулоти коркардшудаи давлатҳои хориҷ муқоиса намоем.Имконияти калонтарини мо иштирок дар ЭКСПО-2005 дар шаҳри Нагояи давлати Ҷопон ва ЭКСПО-2010 дар шаҳри Шанхаи Ҷумҳурии Мардумии Чин буданд, ки чашми ҳамаи мо соҳибкоронро ба бозори сангҳои ороишӣ ва қимматбаҳои олами маъданҳо кушод.Бо таклифи Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов аз ҳисоби маъданҳое, ки мо ба онҳо дастрасӣ дорем як дарахти баландиаш 3,5 метра, ки болои он бо 7 ахтар ороиш дода шуда буд, дар намоишгоҳи Шанхай манзури тамошобинон намудем. Қариб роҳбарони ҳамаи давлатҳои дар намоишгоҳи ЭКСПО-2010 ширкат дошта зери ин дарахти маъданҳои мо аксбардорӣ карданд ва дар сомонаҳои интернетӣ аз дастовардҳои Тоҷикистон иттилоот пахш мекарданд, ки он боиси фархундагии ҳамаи мо буд.Дар табиат зиёда аз 3 ҳазор маъданҳо мавҷуданд ва онҳо дар табиат хусусиятҳои худро доранд. Барои мисол амалдонити дар Федератсияи Русия буда аз амалдонити дар Тоҷикистонбуда аз рӯи ранги сабзи баланд доштааш фарқ дорад ё чунонки дар боло ишора шуд, лоҷварди Афғонистон аз лоҷварди дар Тоҷикистон буда зеботар аст. Чун ба сангҳои қимматбаҳо дастрасӣ надорем. муқоисаашон бароям мушкилтар аст.Танҳо баргузории чунин намоишгоҳҳо имкон медиҳад, ки мо коллексияҳои ҳамдигарро пура намоем. Агар фаъолияти мо танҳо дар доираи он маъданҳое, ки иҷозат дорем, давом ёбад, ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфтан фақат ормону орзу хоҳад буд.Шумо тасаввур кунед, ки мо мутахассисони сатҳи байналхалқиро дорем, вале барои коркарди маъданҳои қимматбаҳо иҷозат надорем, мантиқ куҷост? Кӣ бояд маъданҳои моро коркард кунад, аҷнабиён, барои кӣ, барои фоидаи худ? Мо бояд он чиро, ки худ имконияти коркарду истеҳсолашро дорем ба дигарон имконият надиҳем, зеро он бойгарии миллии мост ва ба манфиати давлату миллат бояд истифода шавад.-Дар тайёр намудани мутахассисон чӣ мушкилот аст, мутахассиси сатҳи байналмилалиро дар куҷо бояд тайёр кард?-Барои кор бо санг донишҳои махсус лозим аст. Дар ибтидо мо мушкилоти зиёд доштем, аз ин рӯ мутахассисони техникиро барои хондан ба Русия мефиристодем. Мутахассисони ба кор баргашта дар ҷойи кор шогирдони дигарро тарбия мекарданд ва таҷрибаашонро ба шогирдон меомӯзонданд. Ду соли охир аз тарафи хазинаи Имдод Имом Хумайнӣ дар назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ курсҳои ба коркарди санг махсусгардонидашуда аз ҷумла, суфтаю тайёр кардани нигинҳо кушода шуд ва мо дар он ҷо чанд нафар мутахассис тайёр кардем.Солҳои охир дар ин самт мо ба Чин рӯй овардем. Чор сол пеш ҳамроҳи Ҷаноби Олӣ мо як гурӯҳи соҳибкорон ба корхонаҳои коркарди сангҳои ороишии Ҷумҳурии Мардумии Чин ошно шудем ва дар бораи истифодаи техника ва технологияи коркарди сангҳо бо мутахассисони чинӣ шартномаҳо ба имзо расонидем.Дар бозори ҷаҳонӣ санъати коркарди сангҳои ороишӣ ва қиматбаҳои чинӣ ҷои худро пайдо кардааст. Дар ҳамсоягӣ бо давлати Чин будан ба мо имкон медиҳад, ки аз онҳо бисёр чизҳоро омӯзем, зеро молу маҳсулоти ин давлат бозори тамоми оламро пур кардааст.Таи чанд соли охир ман ва қариб ҳамаи муҳандису техникҳо аз санъати роҳбарии корхона сар карда, то истеҳсоли охирин партовҳоро дар корхонаҳои чинӣ омӯхтем ва аз техникаю технологияи он истифода мекунем.Ҳоло дар Чин як одам дар корхонаҳои коркарди санг 4 дастгоҳро идора мекунад, ки он сабаби боло рафтани ҳосилнокии меҳнат ва кам шудани арзиши аслии он мегардад. Мо ин таҷрибаро ҳатман дар фаъолияти корхона истифода хоҳем кард.Айни замон мо мутахассисони сатҳи байналмилалиро дорем. Маҳсулоти мо ҳам аз ҷиҳати зебосозӣ — дизайнерӣ ва полиш дар сатҳи байналмилалӣ қарор дорад ва муҳимаш он аст, ки мо бепартовҳои истеҳсолӣ маҳсулот истеҳсол мекунем, ки инро дигарон аз мо меомӯзанд. Барқарор намудани робитаҳои иқтисодӣ бо корхонаҳои хориҷӣ имкон дод, ки иқтидори истеҳсолии корхона пурзӯр карда шуда, даҳҳо номгӯи маҳсулоти дархостии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ истеҳсол намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.