Қатъи ваколати узви ММ МО ҶТ
Душанбе, 21 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аъзои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 июл дар оғози иҷлосияи шашуми палатаи болоии парлумони мамлакат дақиқае хомӯш истода, хотираи неки аъзои Маҷлиси Миллӣ, марҳум Махсум Фозиловро пос доштанд. Махсум Фозилов, ки Раиси ноҳияи Тоҷикобод ва узви Маҷлиси Миллӣ буд, бар асари бемории кӯтоҳмуддат 18 июл дар сини 56-солагӣ аз олам даргузашт. Дар робита ба марги бармаҳали М. Фозилов Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки мутобиқи он ваколати М. Фозилов ҳамчун узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз мӯҳлат қатъ карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






