Қонуншиуан ба даст афтод

Июль 15, 2011 15:11

Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 14 июли соли ҷорӣ кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаҳрванд Ғафуров Раҳмон Раҳимович, соли таваллудаш 1961, истиқоматкунандаи ҷамоати Ёва, сармутахассиси шӯъбаи танзим ва тарҳрезии хоҷагии зотпарварии Хадамоти назорати давлатии зотпарварии Вазорати кишоварзии ҶТ-ро дастгир намуданд.Номбурда солҳои 2001-2007 дар вазифаи раиси хоҷагии деҳқонии Р. Набиев фаъолият намуда, бо истифодаи ваколатҳои хидматиаш зиёда аз 0,30 га замини обии дар паҳлӯи бинои хоҷагӣ ҷойгир бударо ғайриқонунӣ соҳиб шуда, баъди аз вазифа рафтанаш ба шаҳрвандон Исмоилов А. ба маблағи 63 ҳазор сомонӣ, Шодиев С.Ш. ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ ва ба Азимова М. ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.Иттилои мазкур аз сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев дастрас гардид.

Июль 15, 2011 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд