Ҳамкории тиҷоратӣ рушд меёбад
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – 18 июл муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Асаналӣ Карамалиев дар шаҳри Душанбе бо ҳайати вакилони тоҷирони Туркия – намояндагони ширкати «Силвер» мулоқот намуд.
Тавре дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, А.Карамалиев дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки «бисёр ширкатҳои Туркия дар Тоҷикистон фаъолият дошта, дар намоишгоҳҳои Палатаи савдо ва саноати ҶТ маҳсулоти худро ба маърази намоиш мегузоранд».
Роҳбари ширкати «Силвер» Ҳасан Ҳаскараман хабар дод, ки ширкати мазкур соли 1958 таъсис ёфта, ба истеҳсоли таҷҳизоти гуногуни барқӣ машғул буда ва дар Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Русия намояндагиҳои худро дорад. Ширкат азм дорад, ки бо Тоҷикистон ҳам фаъолона ҳамкорӣ намояд.
А.Карамалиев ба меҳмонон тавсия намуд, ки бо роҳбарияти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ вохӯрда, бо корхонаҳои он муносибатҳои ҳамкорӣ барқарор намоянд. Ҳоло бисёр корхонаҳои вазорати номбурда аъзои Палатаи савдо ва саноати ҶТ буда, палата омода аст, ки ба онҳо ҳамаҷониба кӯмак намояд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






