Ҳифзи табиати кишвар-вазифаи муқаддас
Хоруғ, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфишоҳ Додоев). – Фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар мушовараи васеъ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре муовини сардори раёсат Фарҳод Мамадназарбеков иттилоъ дод, мутахассисон 385 иншооти гуногунро мавриди санҷиш қарор дода, ҳодисаҳои риоя нашудани талаботи экологиро муайян намуданд. Маълум шуд, ки то ин муддат ба олами наботот ва захоири табий ба маблағи беш аз 727 ҳазор сомонӣ зиён ворид гардидааст. Дар ин давра аз ҳисоби ҷарима ва пардохт аз истифодаи захоири табиӣ ба суратҳисоби раёсат 241 сомонӣ ворид гардид. Дар мавсими ободонӣ ва кабудизоркунӣ беш аз 600 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва баҳрабардор шинонида шуда, гулгашту марғзор бунёд гардид. Ҳамзамон Фарҳод Мамадназарбеков изҳори нигаронӣ намуд, ки то ҳанӯз ба шикори ғайриқонунии гӯсфанди Марко Поло хотима наёфта, аз шахсони гунаҳкор бо ҳар баҳона маблағи зарари ба олами ҳайвонот расонидашуда ситонида намешавад. Ҳамчунин ҳодисоти ғайримақсад истифода бурдан ва шӯршавии замин ба мушоҳида мерасад, аммо ба хотири беҳбудии кор дар ин самт тадбир андешида намешавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






