Ҳуҷҷатсупорӣ идома дорад

Июль 23, 2011 10:36

Хоруғ, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Л.Додоев).- Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба ягона мактаби олии вилоят — Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, идома дорад. Донишгоҳ зодаи даврони истиқлолият буда, соли 1991 таъсис ёфтааст ва ҳамасола барои хоҷагии халқ теъдоди 700 мутахассисро тайёр менамояд. Имрӯзҳо қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба донишгоҳ аз рӯи 21 ихтисос идома дорад. Соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати маорифи ҷумҳурӣ барои Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ 642 ҷой ҷудо гардида, аз онҳо 407 нафар довталаб ба шӯъбаҳои бӯҷавӣ ва 235 нафарашон ба шӯъбаҳои шартномавӣ шомил хоҳанд гашт. То имрӯз ба донишгоҳ 700 нафар довталабон ҳуҷҷат супоридаанд.

Июль 23, 2011 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд