Ҷонибдории қонунҳои наву муҳим
Душанбе, 21 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-7 қонуни наву муҳимро 21 июли соли 2011 аъзои палатаи болои парлумони Тоҷикистон барарсӣ ва ҷонибдорӣ карданд. Инҳо қонунҳо «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ», «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи иттифоқҳои касаба», «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки самти асосии қонунҳои нав ба рушди иқтисодиёти миллӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва ба камол расонидани фарзандони солеҳ нигаронида шудааст. Аз ҷумла, дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» дар Тоҷикистон хазинаи суғуртаи паснадозҳои шахсони воқеӣ ташкил карда мешавад, ки мувофиқи он миқдори пасандозҳо дар бонкҳои ҷумҳурӣ меафзояд.Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат» мақоми Агентии «Тоҷикстандарт» баланд гардида, инчунин ин қонун дар мавриди ворид гардидани Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат нақши муассир мебозад. Қонун «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» бошад дар тамъини амнияти экологӣ, баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






