Ҷонибдории қонуни муҳим аз сӯи ММ МО ҶТ
Душанбе, 21 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» -ро 21 июли соли 2011 палатаи болоии парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллӣ баъди муҳокима ҷонибдорӣ кард.Убайдулло Қурбонов, Раиси Кумитаи палатаи болоии парлумон қонунро тавзеҳ дода гуфт, ки он бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд таҳия ва қабул шудааст. Қонуни мазкур, ки аз 6 боб ва 17 модда иборат аст, вазифаи падару модар, давлат ва омӯзгорро дар ҷомеа ба танзим медарорад. Ҳамзамон он дар баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, ӯҳдадориҳои падару модарон дар тарбия ва таълими фарзандон нақши муассир мегузорад.Убайдулло Қурбонов афзуд, ки баъди қабул шудани конуни мазкур аз сӯи Маҷлиси намояндагон дар васоити ахбори омма атрофи зербанди 14-и моддаи 8-и қонун ҳангомаҳои зиёд ба вуҷуд омада буданд, ки гӯё қонун ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мухолифат менамояд, вале дар асл ин тавр нест.Бояд тазаккур дод, ки қонуни мазкур аз сӯи Президенти ҷумҳурӣ пешниҳод гардида, муддати ду моҳ дар муҳокимаи умумихалқӣ қарор дошт ва онро қишрҳои гуногуни ҷомеаи мадании Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода буданд. Дар муҳокимаи он беш аз 2 миллион аҳолии мамлакат иштирок намуд. Ҳадафи қонун эҳтироми арзишҳои фарҳангии мардум ва дар рӯҳияи инсонгароӣ тарбия намудани насли наврас ҷиҳати эъмори ҷомеаи маънаван солим мебошад. Қонун аз тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус падару модарон тақозо менамояд, ки дар тарбия ва таълими фарзандони худ масъулияти бештар дарк намуда, дар мавриди ҷилавгирии наврасон аз ҳар гуна ҷараёнҳои гуногуни тундгаро ба иштибоҳ роҳ надиҳанд. Инчунин қонун ҳамкории мутақобилан судманди падару модарро бо мактаб ва ҷомеа устувор гардонида, дар тарбия ва ба камол расонидани фарзандони рӯҳану ҷисман солим ва обутобёфта заминаи боэътимод мегузорад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






