186 иншооти нав дар деҳот
Хоруғ, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфишоҳ Додоев). – Дар давоми 9 соли охир бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ дар деҳоти ноҳияи Роштқалъа 186 адад иншооти хурду калон бунёд гардид, ки аксари онҳо муассисоти таълимиву тиббианд. Аз ҷумла, мактаби рақами 21 деҳаи Бидиз, ки барои сохтмонаш 800 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд, ба наздикӣ мавриди истифода қарор гирифт.Бинои мактаб замонавӣ буда, дар он шароити хуби таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Сарвари мактаби мазкур Латофат Соҳибназарова мегӯяд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати кишвар ва сарвари давлат кӯшиш мекунем, ки сатҳи таълиму тарбияро боз ҳам болотар бардорем.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






