36 млн. зарари молиявӣ ошкор шуд
Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов, дар нимаи авали соли 2011 кормандони агентии мазкур дар 37 вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ ва идораҳои зертобеи онҳо 262 тафтишу санҷишҳои молиявиро анҷом доданд. Натиҷаи санҷиш камбудиҳои зиёдеро ошкор сохт. Дар ин 37 вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ, ки мавриди санҷиш қарор ёфтанд, ба маблағи 36,6 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд.Камбудиву норасоиҳо дар фаъолияти молиявию хоҷагидории сохторҳои Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба миқдори 7,7 млн. сомонӣ, филиалҳои ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон – «Тоҷиксуғурта» дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба андозаи 5,5 млн. сомонӣ, сохторҳои Хадамоти гумруки ҶТ 5,3 млн. сомонӣ, Вазорати кишоварзии ҶТ ва сохторҳои он 3,7 млн. сомонӣ, Хадамоти алоқаи ҶТ 3,5 млн. сомонӣ, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон- «Амонатбонк» ва бахшҳои он дар вилоятҳои Суғду Хатлон зиёда аз 3 млн. сомонӣ, Вазорати корҳои дохилӣ — 1,9, Вазорати маорифи ҶТ 1,5 млн. сомонӣ ошкор карда шуд. Аз ҳисоби маблағҳои дар натиҷаи тафтишу санҷишҳои дар давоми ним соли 2011 ошкоршуда ба буҷаи ҷумҳурӣ беш аз 40 млн. сомонӣ ворид карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






