9 патент ва 33 шаҳодатномаи муаллифӣ

Июль 26, 2011 13:23

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ, академик Ҳукматулло Аҳмадов олимони Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ барои офаридани навъҳои нави зироати кишоварзӣ соҳиби 9 патент ва 33 шаҳодатномаи муаллифӣ гардиданд.Ба иттилои ҳамин манбаъ бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъҳои зироати кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 навъи зироати офаридаи олимони Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ, аз ҷумла барои кишти пахтаи маҳиннахи гулаш пӯшидаи «Авесто», пахтаи миёнанахи «20 – солагии Истиқлолият», «Ориёӣ», гандуми мулоимдонаи дуфаслаи «Садоқат», шолии «Саразм», наски «Соҳибӣ» ва зағири «Ҳисор — 10» дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ иҷозат дода шуд. Ҳамзамон, 4 навъи зироат: пахтаи миёнанахи «Шарора — 1020», «Дӯстӣ», нахӯди «Сино», ҷуворимаккаи «Зарафшон» навъҳои ояндадор дониста шуданд. Пахтаи миёнанахи «Зуҳал» ва «Фаровон — 20», гандуми мулоимдонаи «Бохтар» ба таври расмӣ аз санҷиши давлатӣ гузаштанд.

Июль 26, 2011 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад