Афзоиши шумораи расмии бекорон
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тибқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2011 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 80 ҳазору 597 ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки 66, 5 фоизи нақшаи пешбининамудаи барномаро ташкил дода ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 431 ё 4, 4 дар сад зиёд мебошад.Дар ин давра ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 61 ҳазору 588 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд.Аз теъдоди муроҷиаткардагон 36 ҳазору 806 нафар ҳамчун корҷӯй номнавис гашта, ба 25 ҳазору 009 нафари онҳо расман мақоми бекорӣ дода шуд. Шумораи бекорони расмӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (19035 нафар) 5 ҳазору 974 нафар ё 31, 4 фоиз зиёд мебошад.Тӯли шаш моҳ 17 ҳазору 476 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид, ки ин 60, 5 фоизи нақшаи солонаи барномаро ташкил медиҳад.Тибқи иттилои бахши робитаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ, муқоисаи раванди бо кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор ва корҷӯй тавассути татбиқи чорабиниҳои мусоидат ба шуғл дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ва ҳамин давраи соли гузашта нишон медиҳад, ки маҷмӯан таъминшавӣ бо кор дар ин давра 17, 7 фоиз афзоиш ёфтааст.








Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






