Аз хизматрасонии коммуналӣ қаноатмандед?
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кормандони соҳаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» (ХМК) баҳри иҷрои амру супоришҳои Президенти кишвар ва қарору фармонҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ муташаккилона фаъолият намуда, барои зебо намудани симои шаҳру навоҳӣ ва таъмини аҳолии минтақаҳои гуногун бо оби тозаи ошомиданӣ саъю талош доранд,- иброз дошт директори генералии ХМК Алимурод Тағоймуродов зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.Ба иттилои А. Тағоймуродов дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ кормандони соҳа ба маблағи 32 млн. 969 ҳазор сомонӣ ба аҳолӣ хизмати коммуналӣ расониданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 26,7 фоиз зиёд аст.Корхонаҳои соҳа дар давраи зикршуда 18 млн. 978 ҳазор сомонӣ фоида ба даст оварданд. Бо вуҷуди ин директори генералии ХМК кори ғайриқаноатбахши як қатор корхонаҳои давлатии фаръии ХМК – ро бо истифода аз далелҳои мӯътамад фош намуд. Аз ҷумла, роҳбарияти ХМК аз фаъолияти ғайриқаноатбахши корхонаҳои давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияҳои Хуросон, Қубодиён ва Ховалинги вилояти Хатлон, Меҳнатободи вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ ва Роштқалъаи ВМКБ изҳори нигаронӣ намудандКорхонаҳои давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияҳои Темурмалик, Мӯъминобод, Балҷувони вилояти Хатлон, шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Қайроққум, ноҳияҳои Зафаробод, Спитамени вилояти Суғд, ноҳияҳои Тавилдара, Ҷиргатол ва Ҳисор нимсолаи аввали соли 2011 – ро бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст намуданд. Бо вуҷуди камбудиҳои мавҷуда, ХМК бо мақсади таъмини аҳолии деҳот ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо оби ошомиданӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад,- иброз дошт А. Тағоймуродов.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






