Аз «Наврӯз» ҷӯроб мехоҳед ?
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Тайи 6 моҳи сипаригашта корхонаҳои коркарди пӯст 378,8 ҳазор дона пӯсти чорворо коркард намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,8 маротиба зиёд аст.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин муддат ҶСШК «Атласи Хуҷанд» 54, 1 ҳазор метри тӯлонӣ матои атлас истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба зиёд мебошад.Бино ба иттилои манбаъ моҳи марти соли ҷорӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими ифтитоҳи корхонаҳои ҶСП «Олим Текстайлз»-и ноҳияи Масчоҳ ва фабрикаи ҷӯроббарории «Наврӯз»-и Зафаробод баргузор гардида, онҳо ба кори худ шурӯъ намуданд.Дар ин муддат корхонаи ҶСП «Олим Текстайлз» ба маблағи 6, 5 миллион сомонӣ ва фабрикаи ҷӯроббофии «Наврӯз» ба маблағи 1, 4 миллион сомонӣ маҳсулоти молӣ истеҳсол намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






