Ба истифодадиҳии иншоти ҷашнӣ дар ҳудуди шаҳр ва атрофи он
Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо мақсади аз наздик ошно гардидан бо рафти омодагирӣ ва ба истифодадиҳии иншооти сохтмонии ҷашнӣ дар ҳудуди шаҳр ва гирду атрофи он директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтия Муҳаммадиева ба шаҳри Роғун рафт.Аз Агентии мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Б. Муҳаммадиева бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, аъзои ситоди шаҳри Роғун оид ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 19 нафар иборат буданд, дар бинои ҳукумати шаҳр вохӯрии якҷоя доир намуд. Дар вохӯрӣ нақшаи кории ситод вобаста ба ҷашни дар пеш истода ва иҷрои чорабиниҳо таҳлил гардида зикр шуд, ки то ҷашни истиқлолият рӯзҳои башумор мондааст, аз ин рӯ зарур аст, ки корҳои зиёд ба анҷом расонида шаванд.Дар назар аст, ки директори Агентии омор бо аҳолии шаҳри Роғун, шаҳраки Обигарм, ҷамоати Қади об ва ҷамоати Сичароғ вохӯрӣ менамояд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






