Барномаи «Хазинаи мутобиқат ба иқлим»

Июль 25, 2011 11:58

Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои директори Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ Маҳмад Сафаров, Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари дигар ба Барномаи «Хазинаи мутобиқати иқлим» дохил карда шудааст, ки дар ҷаҳорчӯбаи он ҷудо кардани 50 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ мешавад.
 
Ба гуфти М. Сафаров, дар Тоҷикистон амалишавии ин барнома дар самтҳои гуногуни Кумитаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ҷиҳати беҳбуд ёфтани фаъолияти низоми гидрометереологӣ 13 млн. доллар ҷудо мегардад.
 
Мутобиқи асноди баимзорасида, тадбиқи барномаи мазкур моҳи сентябри соли ҷорӣ оғоз гардида, 5 сол давом меёбад. Барои амалишавии ин барнома Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ хоҳанд кард.

Июль 25, 2011 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад