Барои муомилоти ғайриқонунӣ 467 нафар дастгир шуд
Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Дар нимаи аввали соли 2011 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ 77 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаоварро пешгирӣ карда, 529 кило маводи мухаддирро мусодира намуд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 39,3 % зиёд аст. Дар ин давра 85 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, 74 парвандаи 99 нафар ба судҳо ирсол гардид. Дар ҷараёни дидани чораҳои фаврӣ 26 гурӯҳи ҷиноятӣ, аз ҷумла як гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша ошкор шуда, 57 нафар аъзои ин гурӯҳҳо дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва 14 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Дар нимаи аввали сол мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси ҷумҳурӣ 2 тоннаву 751 кило воситаҳои нашъаовар, аз ҷумла 309 кило героин, 172 кило афюн ва 2 тоннаву 271 кило мухадироти гурӯҳи каннабисро мусодира аз муомилоти ғайриқонунӣ намуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 34,4 % зиёд мебошад. Дар ин муддат дар қаламрави ҶТ барои муомилоти ғайриқонунӣ 467 нафар дастгир шуд, ки 26 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 6 нафар аз кишварҳои ИДМ ва 20 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






