Баррасии масоили ҳамкорӣ
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 20 июл дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Шариф бо ҳайати JIGA – Агентии Ҳамкории Байналмилалии Ҷопон сурат гирифт.Тавре дар Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсад аз мулоқот муайян намудани бахшҳои ҳамкории JIGA дар Тоҷикистон буд.Коршиноси дафтари JIGA дар Ҷопон Шинигиро Кавагучи дар ҷараёни мулоқот аз фаъолияти муассисаи мазкур перомуни рушди бахши инфиродӣ ва фаъолияти бахши давлатӣ нақл намуд. Саид Шариф дар навбати худ иттилоъ дод, ки Палатаи савдо ва саноати ҶТ бо намояндагони тиҷорати хурд, миёна ва инфиродӣ ҳамкорӣ дорад. Амалияи ҷаҳонӣ тасдиқ менамояд, ки иқтисодиётро маҳз ҳамин сохторҳо густариш медиҳанд. Раиси Палатаи савдо ва саноат диққатро ба сармоягузории корхонаҳои коркарди маҳсулот, ҳам дар саноат ва ҳам дар соҳаи кишоварзӣ, коркарди нахи пахта, пилла, чарм ва пашм, мева ва сабзавот ҷалб намуд. Ӯ гуфт, ки барои рушди ҳамаи ин соҳаҳо мутахассисони кордон заруранд ва дар ин маврид кӯмаки JIGA бебаҳост.Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин се самти имконпазири ҳамкории JIGA ва Палатаи савдо ва саноат ҶТ – ро баррасӣ намуданд. Ин самтҳо иборат аз таъсиси курсҳои омӯзиш бо иштироки коршиносони JIGA барои аъзои Палатаи савдо ва саноати ҶТ, таълими мутахассисони Палата ва машварату маслиҳатҳои коршиносони Ҷопон мебошанд. Зимни мулоқот дар мавриди таҳсили мутахассисони тоҷик дар Ҷопон низ сухан карда шуд.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






