Бинои нави муҳофизони қонун
Хоруғ, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфишоҳ Додоев). – Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯшон дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон соҳиби бинои нави замонавӣ гардиданд. Алидод Маликов, яке аз масъулони шӯъбаи мазкур, мегӯяд, ки чанд даҳсолаи ахир кормандони онҳо дар бинои кӯҳна ва дар шароити хеле номувофиқ фаъолият намуда, ба таҷҳизоти муосири коммуникатсионӣ низ дастраси надоштанд. Аммо алҳол бинои шӯъбаи корҳои дохили яке аз беҳтарин биноҳои ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят аст. Чанде пеш Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия мошини хизматӣ тақдим кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






