Боғдорӣ дар ноҳияи Ховалинг
Кӯлоб, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар кӯҳистони Ховалинг барои рушди соҳаи боғдорӣ, бунёди боғҳои нави содиротӣ ва эҳёи боғҳои кӯҳна тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд. Тайи се соли охир дар ноҳияи мазкур аз нақшаи дурнамо бештар масоҳати боғу токзор васеъ гардида, боғҳои кӯҳна низ барқарор гардидаанд. Мувофиқи омори раёсати кишоварзии ноҳия танҳо дар соли 2011 ба ҷои 250 гектари дар нақшаи дурнамо муайянгардида 450 гектар боғи нав бунёд шудааст, ки 180 фоизро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 194 гектар зиёд аст. Саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Мазори ҳазрати Султон» имсол нақшаи бунёди боғро 140 фоиз иҷро намудаанд ва ниҳолҳои чанд сол қабл сабзонидаи онҳо аллакай боробар гардидаанд. Ба гуфти хоҷагидорон кишти сабзавот дар майдони боғ барои ҷамъоварии мева монеа пеш намеорад, зеро ҳосили сабзавот як моҳ пеш аз пухта расидани меваҳо шурӯъ мегардад. Хоҷагидорон гарави фаровонҳосилиро дар нигоҳубини хуби ниҳолҳо ва мубориза бар зидди ҳашароти зараровари дарахтон мебинанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






