Бонувон судяи Суди Олӣ интихоб шуданд
Душанбе, 21 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дилором Абдураҳимова, Алифмоҳ Ёракова ва Мирзоалӣ Каримов 21 июл дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси Миллӣ судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Бояд зикр кард, ки Дилором Абдураҳимова қаблан дар вазифаи муовини Раиси Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт, Алифмоҳ Ёракова судяи суди ноҳияи Сино ва Мирзоалӣ Каримов судяи шаҳрии Суди шаҳри Душанбе фаъолият мекарданд.Ҳамчунин, Зебониссо Абдуллоева, ки аз моҳи апрели соли 2010 то имрӯз дар вазифаи муовини Раиси Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолият мекард, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. З. Абдуллоева 19 соли собиқаи корӣ дошта, аз соли 1998 инҷониб дар системаи судӣ фаъолият менамояд. Раиси Маҷлиси Миллӣ судяҳоро ба муносибати ба ҳайси судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданашон табрик намуда, гуфт ки ба вазифаи судяи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ интихоб намудани бонувони тоҷик шаҳодати татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.11.57.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






