Бурёкӯбон дар ҳузури Сарвари Давлат
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи бинои панҷошёнаи истиқоматӣ иштирок намуда, лентаи рамзиро қайчӣ кард. Бино дорои 75 ҳуҷра, аз ҷумла 15 хонаи якҳуҷрагӣ, 30 хонаи дуҳуҷрагӣ ва 30 хонаи сеҳуҷрагӣ буда, дар маҳаллаи нуҳӯми шаҳри Турсунзода ҷойгир аст. Ёдовар мешавем, ки фармоишгар ва маблағгузори бино ширкати КВД «Алюминии тоҷик» буда, барои сохтмони он 16 миллион сомонӣ сарф шудааст. Сохтмони бино моҳи апрели соли 2008 оғоз гардида, моҳи августи соли 2010 корҳои сохтмонию васлгарӣ ба анҷом расид. Сардори Давлат дар назди иштирокдорон суханронӣ намуда, калиди хонаҳоро ба соҳибонашон супорид ва ба роҳбарияти корхона супориш дод, ки сохтмони чунин биноҳоро зиёд намуда, ҳамаи кормандони ширкатро бо хонаи истиқоматӣ таъмин намоянд.Сафари Президенти кишвар дар ноҳияи Турсунзода идома дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






