«Чакомаи гесӯ» дар Ваҳдат
Ваҳдат, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Дар саҳни толори “Қасри фарҳанг»-и шаҳри Ваҳдат бо иштироки сокинони тамоми ҷамоатҳои деҳот ва шаҳраки шаҳри Ваҳдат намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сабадбофӣ, гулдӯзӣ, оҳангарӣ ва ороиши дастурхон бо таомҳои миллӣ баргузор гардид. Дар толори консертии «Қасри фарҳанг» намоиши сару либоси миллӣ бо ҳунари машшотаҳо диққати ҳозиринро ба худ ҷалб намуд. Намоиши «Чакомаи гесӯ» бо иштироки занону духтарон хотирмон гузашт. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ Сумангул Тағоева зимни суханронӣ гуфт, ки мақсад аз баргузории озмун аз нав эҳё намудани сару либоси миллӣ ва тарғиби мӯи дарози тоҷикдухтарон мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






