Чаро ронандагонро ҷарима мекунанд ?
Кўлоб, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). – Кормандони шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ноҳияи Фархор дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1 698 вайронкунандаи қоидаи ҳаракати роҳро ошкор сохта, ба маблағи 44 886 сомонӣ ҷарима намуданд. Муродалӣ Мирзоев, сардори ШБДА ШКД – и ноҳия гуфт, ки ба ин қоидавайронкуниҳо дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ рондани мошин, итоат накардан ба милиса, надоштани рақами давлатӣ, истифодаи телефони мобилӣ дар вақти рондани автомобил, гузаштани роҳ дар чароғаки сурх ва дигар ҳолатҳои қоидавайронкунӣ дохиланд. Инчунин зикр шуд, ки дар ин давра дар ҳудуди ноҳия 4 садамаи нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷа 1 нафар ба ҳалокат расида, 8 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Ба гуфти Мирзоев кормандони БДА барои фаҳмонидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва гирифтани пеши роҳи садамаҳо бо шогирдони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва идораю муассисаҳои давлатӣ вохӯрӣ гузаронида, дар мавзӯи «Пиёдагардон», «Бачаҳо» ва «Назорат» сӯҳбат меороянд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд






