Дар 6 моҳ 116 млн. сомонӣ

Июль 27, 2011 10:19

Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», ЛаззатДиловарзод).- Бино  ба иттилои мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадии Салим, маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулоти хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия то 1 – уми июли соли ҷорӣ 116 млн. 60 ҳазор сомонӣ ва иҷрои даромади буҷаи ноҳия 20, 6 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти дохилиро ташкил дод.Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ, нақшаи даромади буҷаи маҳаллӣ ба андозаи 105 фоиз ё худ баробари 23 млн. 394 ҳазор сомонӣ иҷро шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда ба қадри 1 млн. 105,4 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 3 млн. 253 ҳазор сомонӣ ё ин ки 15,7 фоиз зиёд мебошад.Нақшаи қисми даромади буҷаи ноҳия пурра иҷро гардида, ҷамъоварии ҳамаи 16 намуди андоз таъмин шудааст.Ба иттилои манбаъ, нақшаи шашмоҳаи андози иҷтимоӣ 7 млн. 723 ҳазор сомонӣ буда, иҷрои он ба андозаи 8 млн. 282 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст.

Июль 27, 2011 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад