Дархости сармоягузориҳои яклухт ва имтиёзнок

Июль 29, 2011 16:38

Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар бинои Дастгоҳи марказии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» (БДА) мулоқоти ҳайати кории Бонки давлатии рушди Чин (БДРЧ) бо роҳбарият ва масъулини «Амонатбонк» доир гардид.Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуот ва рекламаи БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки ҳайати кории БДРЧ ҷиҳати анҷоми омӯзиш ва таҳлили як зумра лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва доир намудани мулоқот бо масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва БДА ҶТ «Амонатбонк» бо сафари чандрӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст.Дар мулоқот ҳайати кории БДРЧ-ро сардори раёсати аввали баррасии лоиҳаҳои БДРЧ Чжан Тсинмин ва ҳайати Тоҷикистонро раиси Раёсати БДА «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова роҳбарӣ намуд. Дар мулоқот ҷониби Чин иброз намуд, ки мақсад аз ташрифи ҳайат аз таҳлилу баррасии лоиҳаҳои сармоягузоришуда ва дар баробари ин тарҳрезӣ ва баррасии лоиҳа ва пешниҳоди самаранок аст. Ҳамзамон ҷониби «Амонатбонк» якчанд пешниҳодро ҷиҳати сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ манзур намуд.Бояд гуфт, ки БДРЧ яке аз бонкҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шумор рафта, соли 1994 таъсис ёфтааст. Дороиҳои бонк 700 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, фаъолияти асосии он сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои хурду бузург дар дохил ва хориҷи кишвар аст. 22 лоиҳаи хурду бузурги иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тавассути «Амонатбонк» аз тарафи БДРЧ сармоягузорӣ карда мешавад.

Июль 29, 2011 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд