Даромади пулии аҳолӣ беҳтар шуд
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нишасти матбуотие, ки ба ҷамъбасти фаъолияти нимаи аввали соли 2011-и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бахшида шуд, вазири соҳа Маҳмадамин Маҳмадаминов аз «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2015», «Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 — 2012», «Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат», «Консепсияи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар робита ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоию меҳнатии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба таври хеле васеъ маълумот ироа намуд, ки он барои имрӯзу ояндаи ҳаёти иҷтимоии аҳолии кишвар аз манфиат холӣ нест.Вазир арзиши маҷмӯи озуқавории барои истеъмол зарурро тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ аз рӯи истеъмоли ҳақиқӣ бо нархҳои охири моҳи майи соли 2011 барои ҳар як узви оила моҳе 132 ва дар сурати истеъмоли оқилона 255 сомонӣ шуморид.Бо вуҷуди фаъолияти хуби кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бартараф намудани қарздорӣ аз музди меҳнат ба онҳо муяссар нашуд ва то 1 –уми июни соли 2011 қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар ҷумҳурӣ бо назардошти қарзҳои пешина 11 млн. 837 ҳазор сомониро ташкил додастааст, ки он асосан ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.Ҳолати қарздорӣ аз музди меҳнатро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вазир нигаронкунанда донист, ки он нисбат ба аввали соли ҷорӣ 10 фоиз афзоиш ёфтааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






