Дастовардҳои сиёсати аграрӣ меафзоянд

Июль 20, 2011 17:07

Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати  кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ фаъолияти худро дар асоси Низомнома ва дастуру супоришҳои Президенти кишвар ҷиҳати  афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ,  ба манзури  татбиқи сиёсати аграрии Ҳукумати ҷумҳурӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва сазовор ҷашн гирифтани 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон равона кардааст.Дар натиҷаи ин ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), шахсони инфиродӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ дар шаш моҳи аввали соли 2011 ба 3 млрд. 18 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 ба андозаи 240 млн. сомонӣ зиёд буда, дар соҳаи растанипарварӣ 11,2 ва дар соҳаи чорводорӣ 5,2 фоиз афзудааст.Сабаби  дигари зиёд шудани маҳсулоти кишоварзӣ   гузаронидани кишти такрорӣ мебошад. Масалан  то санаи 18 – уми июли соли ҷорӣ дар масоҳати 64 ҳазору 277 гектар (аз 70 ҳазору 81 гектари нақшавӣ) баъди ҷамъоварии ҳосили якуми зироатҳои кишоварзӣ кишти такрорӣ сурат гирифтааст.Дар нишасти матбуотӣ аз камбудиҳо низ чашм пӯшида нашуд. Камбудиҳо асосан хусусияти  субъективӣ дошта,   ба фаъолияти роҳбарону кормандон вобаста набуданашон бо далелҳои раднопазир    пешкаши хабарнигорон  гардонида шуд.Бо вуҷуди зикр шудани  даҳҳо камбудию норасоиҳои соҳа, фаъолияти шашмоҳаи кормандони кишоварзӣ  қаноатбахш дониста  шуд.  

Июль 20, 2011 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад