Дастовези Маҷлиси миллӣ ба ҷашни Истиқлол
Душанбе, 22 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба истиқболи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тозагӣ аз чоп баромад.Маҷмӯа зери назари Мизроб Кабиров, Роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, Убайдулло Қурбонов, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ ва Маҳмад Раҳимов, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мураттаб гардидааст. Маҷмӯа дар нашриёти «Шарқи озод» бо теъдоди 200 нусха чоп гардида, дар он санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирд оварда шудааст. Дар муқоваи он акси бинои Маҷлиси Олӣ ҷо дода шуда, дар саҳифаи аввали он иқтибос аз суханронии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосия Маҷлиси миллӣ оварда шудааст.Маҷмӯаи мазкур барои истифодаи хизматӣ ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони дастгоҳи онҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазорату идораҳои мухталифи ҷумҳурӣ тавсия мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






