Даври дуюми таҳлилу таҳқиқи коррупсия

Июль 26, 2011 16:34

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 26 июл Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи ҷамъбасти даври дуюми тадқиқоти «Коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муаррифӣ намуд. Дар ин маросим авзои мушаххас мавриди таҳлил қарор гирифта, масоили коррупсия ҳамчун падидаи иҷтимоию иқтисодии кишвар зикр карда шуд. «Масъалаи коррупсия вақтҳои охир мавзӯи доғи рӯз ва мубоҳисавии кишвари мо гардидааст. Ин падида дар ВАО чун монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди ҷомеаи солим ва вабои иҷтимоӣ маънидод гардида, дахолат ва аз байн бурдани онро аз ҷониби давлат ва ҷомеа талаб мекунад»- гуфт директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов.Дар ҷараёни таҳқиқ нуқтаи назари беш аз 3000 нафар сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаҳмида шуд. -Ҳадафи тадқиқоти мо ошкор намудан ва таҳлили афкори аҳли ҷомеа перомуни арзёбии ҷиноятҳои коррупсионӣ, зуҳур ёфтан ва таҳлили хусусиятҳои он дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар аст,- гуфт С. Шарифов.

Июль 26, 2011 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад