ДИТ 30 ҳазор мутахассис тайёр намудааст
Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин).- Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бошукӯҳи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷ Т ва 15 -солагии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкорӣ хуб ба роҳ монда шуда, даври бинои асосӣ панҷарабандӣ шуда, инчунин дар саҳни донишкада майдончаи «Ҷавонон» сохта шуд, ки онро фаввора ва дарахтони сояафкан зеб медиҳанд,- зикр намуд Нозимҷон Нидоев, ректори донишкадаи мазкур 27 июл дар нишасти матбуотӣ. Айни замон дар донишкада 4 факулта, шӯъбаи ғоибона ва 18 кафедра мавҷуд аст, ки 15- тои он кафедраҳои тахассусӣ буда, аз рӯи 20 ихтисос бакалавр ва мутахассис тайёр мекунанд. Тайи 15 соли фаъолият ин даргоҳи маърифатро зиёда аз 30 ҳазор мутахассисони варзидаи соҳаҳои ҳуқуқ ва иқтисодиёт хатм намуданд,-афзуд ректори донишкада дар хотима.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






