Донистан ҳатмист

Июль 22, 2011 15:07

Душанбе, 22 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми шашуми моддаи 11-и Қонуни конститутсио¬нии Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» минбаъд донистани забони давлатӣ ба яке аз талабот нисбат ба номзадҳо ба вазифаи судяҳои мақомоти судии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Қонуни мазкур дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллӣ даъвати чорум ҷонибдорӣ гардид. Яъне, минбаъд шахсоне, ки ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон /ВМКБ/, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе, суди шаҳр ва ноҳия, судҳои ҳарбӣ, суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоят, суди иқтисодии шаҳри Душанбе интихоб мегарданд, бояд забони давлатиро донанд. Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» татбиқ намудани муқаррароти меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст

Июль 22, 2011 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард